МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Турсунзода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.04.2001, №200 таъсис дода шудааст. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №630 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Турсунзода ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода табдил дода шудааст.

Коллеҷи омӯзгорӣ тибқи иҷозатномаи АУ 0002866 ва меъёрҳои муайянкунанда аз рӯйи самтҳои (ихтисосҳои) мухталиф мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ омода мекунад.

  1. «Таҳсилоти ибтидоӣ» (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  2. «Таҳсилоти томактабӣ» (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  3. «Забон ва адабиёти тоҷик» (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  4. «Забон ва адабиёти рус»
  5. «Забони хориҷӣ (англисӣ)»
  6. «Математика» (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  7. «Математика-информатика»
  8. «Таърих» (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  9. «Биология» (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  10. «Тарбияи ҷисмонӣ»

Дар Коллеҷ 52 гурӯҳи таълимӣ ба тариқи низоми кредитӣ фаъолият дорад.
Теъдоди умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 517 нафар ва дар шуъбаи ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ  311 нафарр ташкил медиҳад.

Дар сохтори муассиса 2 факултет ва 4 кафедра амал менамояд.

Факултетҳо

— Факултети фанҳои гуманитарӣ;

—  Факултети омўзгорӣ;

Кафедраҳо:

-Кафедраи ҷомеашиносӣ;

-Кафедраи забонҳо;

-Кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ;

-Кафедраи методикаи таълим;

Дар коллеҷ 71 омӯзгор, 14 корманди хоҷагӣ ва 4 корманди бахши муҳосибот фаъолият намуда, шумораи кормандон дар маҷмуъ ба 90 нафар мерасад. Ҳайати кормандон ва омӯзгорон аз 4 номзади илм, 10 Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 муаллими калон, 43 ассистент ва 4 коромӯз-тадқиқотчӣ иборат мебошад.

Комплекси таълимии коллеҷ аз бинои якошёнаи таълимӣ иборат буда, аз 18 адад синфхонаҳои таълимӣ, 2 факултет, 4 кафедра, 15 утоқҳои корӣ, Маркази бақайдгирӣ, машваратӣ ва тестӣ, Парки технологӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва толори конференсия, майдончаи варзишӣ ва ошхона иборат аст.

Китобхонаи муассиса аз фонди китобҳо, китобхонаи электронӣ ва қироатхона иборат буда, дар он зиёда аз 5 ҳазор китобҳои илмӣ, бадеӣ ва соҳавӣ, ҳамчунин зиёда аз 20 ҳазор китобҳои электронӣ мавҷуд аст.

Дар Коллеҷ дастаи варзишӣ, созмони духтарон, ҷавонон, махфилҳои эҷодӣ фаъолона амал мекунанд.