Факултети фанҳои гуманитарӣ
Дар асоси сохтори нав, ки бо ташаббуси директори МДТ Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Сафарзода Х.Ҳ. дар муассиса факултети фанҳои гуманитарӣ ташкил карда шуд. Дар факултети фанҳои гуманитарӣ ду кафедра: кафедраи забонҳо ва кафедраи ҷомеашиносӣ фаъолият намуда, омӯзгорони пуртаҷриба ба донишҷӯён дарс мегуянд. Дар факултети фанҳои гуманитарӣ ҳамагӣ 314 нафар донишҷӯён таҳсил намуда, аз инҳо 228 нафар дар шуъбаи рӯзона, 135 нафар буҷавӣ, 93 нафар шартномавӣ, 214 нафар зан, 14 нафар мардҳоро ташкил медиҳад. Дар шуъбаи ғоибона 86 нафар донишҷӯ таҳсил карда, 47 нафар буҷавӣ, 39 нафар шартномавӣ, 39 нафар зан ва 1 нафар мардро дар бар мегирад.
Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои зерин таҳсил менамоянд:
1. Забон ва адабиёти тоҷик «2-020301»
2. Забон ва адабиёти рус «2-01020135»
3. Забони хориҷӣ «2-01020135»
4. Таърих «2-020101»
Дар факултети фанҳои гуманитарӣ ҳамагӣ 20 гурӯҳ таҳсил менамоянд. Аз инҳо 15 гурӯҳ дар шуъбаи рӯзона ва 5 гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамояд.
Декани факултет кори кормандони кафедраҳо ва воҳидҳои сохтории дар назди факултет амалкунандаро ташкил ва бевосита роҳбарӣ мекунад. Дар сохтори муассиса вазифаи назорат кардани давомоти донишҷӯён ва равиши дарси омӯзгорон, омодакунии фармоишҳо оид ба интиқол, аз курс ба курсгузарӣ, барқарор кардани донишҷӯён, додани рухсатии академӣ, хориҷи донишҷӯён, ҳаракати дониҷӯён ба зиммаи декан гузошта шудааст.
Декани факултет Абдаминова Ф.Т.