Китобхона

Сохтори  китобхонаи илмии коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода ба Низомномаи китобхона, ки аз ҷониби Шӯрои  олимони муассисаи таълимӣ тасдиқ шудааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» мутобиқ аст, иборат мебошад.

Китобхона аз фонди умумии китобҳои илмӣ,  толори хизматрасонии абонемент, коркарди адабиёт, бахши илмӣ, методӣ-библиографӣ ва китобхонаи электронии ба шабакаи интернет пайвастбуда таркиб ёфта, фонди иттилоотии электронии китобхона аз 10 ҳазор маводи электронӣ, силлабусҳои фаннии устодон, лексияҳои онҳо иборат буда, дар хизматрасонии истифодабарандагони  Китобхонаи илмӣ қарор дорад. 

ФОНДИ КИТОБХОНА

Фонди китобхонаи илмиро 5,109  китобҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ, бадеӣ ва медиятекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Фонди Китобхонаи илмӣ аз ду қисм: тоҷикӣ ва русӣ иборат аст.       Низоми таснифоти фонди китобхонаи илмӣ ҷадвалӣ-рақамӣ  буда, мутобиқ ба талаботи илмии китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ  бо силсилабандии  соҳавӣ,  рақамӣ, вуруди алифбои тоҷикӣ ва русӣ, бо истифодаи рақами сабтии фонд бо таснифи корҳои библиографӣ, таснифоти китобхонавии библиографӣ (ТКБ-ББК), ки ба талаботи стандарти фаъолияти китобхонаҳо мувофиқ мебошад, рақамгузорӣ карда шудааст. Дар фонди  китобхонаи илмӣ корҳои дипломии донишҷӯён ва  авторефератҳо мавҷуданд.