Факултети омўзгорӣ
Факултети омӯзгорӣ яке аз қисматҳои асосии сохтори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» маҳсуб мешавад.
Роҳбарии факултетро номзади илмҳои педагогӣ, Сатторова Ҳидоятбону Хайридиновна ба уҳда дорад. Дар факултети омӯзгорӣ донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос дар заминаи хатми синфи 9 ва 11 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:
Рамзи ихтисос | Номи ихтисос |
Ихтисоси 2-010201 | «Таҳсилоти ибтидоӣ» |
Ихтисоси 2-010201 | «Таҳсилоти ибтидоӣ» |
Ихтисоси 2-010101 | «Таҳсилоти томактабӣ» |
Ихтисоси 2-020501 | «Математика» |
Ихтисоси 2-020505 | «Информатика» |
Ихтисоси 2-020201 | «Биология» |
Дар сохтори факултет 2 кафедра амал менамояд:
1. Кафедраи методикаи таълим;
2. Кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ.
Вазифаи мудири кафедраи методикаи таълим ба зимаи омӯзгорони калон Норова Н. ва кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ Сафарова Б. гузошта шудааст. Дар факултет номзадони илм Мирзозода А.М., Сатторова Ҳ.Х., Ҷумъазода Ш.Ҷ. ва Иброҳимзода А.И. фаъолият менамоянд. Дар ҷаласаҳои факултет масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд. Дар факултети омӯзгорӣ донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда, шумораи бештари онҳоро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Илова ба дарсҳо машғулиятҳо бо ҷавондухтарон ва омодагии онҳо ба ҳаёти оилавӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим баргузор мегардад. Дарсҳои омӯзгорон бо истифодаи технологияҳои муосир ва маводҳои интерактивии таълим гузаронида мешавад. Дар факултет мутахассисон дар самтҳои омӯзгорӣ ва мураббияҳои таҳсилоти томактабӣ омода карда мешаванд.
Омӯзгорон Муҳаммадиев М., Ибрагимова Д., Ҷураев Ш., Эргашова Н., Турсунова Д., Усмонова М. дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми арзанда доранд. Муаллими калони кафедраи табиӣ-риёзӣ Муҳаммадиев М. зиёда аз 50 соли умри пурсамари хешро ба таълиму тарбияи ҷавонон бахшида, дар муассиса аз фанни математика дарс мегӯянд. Натиҷаи самараю заҳматҳои устод ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби донишҷӯёни муассиса мебошад. Аз ҷумла Тоҳирзода Фотима сазовори ҷойи 2-юм ва Нуров Фурқат сазовори ҷойи 3-юм дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гардидаанд. Илова бар ин, устод Муҳаммадиев Муродулло барои омӯзгорони ҷавон дастурҳои методӣ омода намуда, чопи мақолаи «Тақсимшавӣ ба адади 7» ва «Роҳи ҳалли осони муодилаи квадратӣ» — ро саривақтӣ ва ҷавобгӯйи талаботи давру замон мешуморанд. Дастурҳои илмӣ-методӣ, мақолаҳои илмӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет пайваста ба табъ мерасанд.
Дотсенти кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ Мирзозода А.М., дар конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, бо пешниҳоди маърӯза дар мавзӯи «Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим» иштирок намуд. Номбурда муаллиф ва ҳаммуаллифи китобҳои зиёд, аз ҷумла «Геометрия», «Ҳалли мукаммали масъалаҳо» ва «Математика» (супоришҳои тестӣ) мебошад. Мақолаҳои номзадони илм, дотсентон Ҷумъазода Ш.Ҷ., бо номи «Иҷлосияи таърихӣ ва наҷотбахш» (Ҳидоят, — 15 декабр. — 2023), «Парчами миллӣ – рамзи давлатдории халқи тоҷик» (Ҳидоят, — 30 ноябр. — 2023) ва Сатторова Ҳ.Х., «Муқаддастарин касби рӯи олам» (Маърифат, — 3 октябр. — 2023) ба чоп расиданд. Ҳамзамон номзади илмҳои педагогӣ Сатторова Ҳ.Х., иштирокчии конференсияи байналмиллалии шаҳри Қазоқистон буда, дар мавзуи «Таълими бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.