Ифтитоҳи низоми таҳсилоти фарогир дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
29 ноябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» маросими расмии ифтитоҳи таҳсилоти фарогир бо иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти фарогир соли ҷорӣ дар асоси розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин замина, миёни муассисаи таълимӣ ва ташкилоти мазкур Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, ҷиҳати пешбурди низоми таҳсилоти фарогир як қатор шароитҳо, аз ҷумла бунёди бинои ёрирасон ва муҳити бемонеа фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бо курсиҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шуда, ҳамчун мутахассисон ва мураббиёни соҳаи таҳсилоти фарогир аз нозукиҳои кор бо шахсони дорои маъюбият огоҳӣ пайдо намуданд. Дар баробари ифтитоҳи низоми таълими инклюзивӣ ашхоси дорои маъюбият метавонанд бо истифода аз имкониятњои фароҳамшуда дар муассисаи таълимӣ бемамониат бо таҳсил фаро гирифта шаванд.
Сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ашхоси дорои маъюбият дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манъ будани табъиз нисбат ба онҳо, таъмини дастрасии шахсони дорои маюбият ба таҳсил, тавонбахшӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Раванди солимгардонии маъюбон ва дастгирии иҷтимоъӣ табақаҳои ниёзманд таҳти таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастрасии қишри осебпазири ҷомеа ба хизматрасониҳои иҷтимоъӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.
Ба роҳ мондани раванди низоми таҳсилоти фарогир дар муассисањои таълимӣ аз ҷумлаи ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат буда, ба таъмини баробарҳуқуқии шахсони дорои маъюбият ва соҳибмаърифат гардидани онҳо мусоидат менамояд.