Табрикоти директори МДТ «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» номзади илмҳои филологӣ, Сафарзода Хуршед Ҳайдар ба муносибати Рӯзи ҷавонон
Ҷавонони азиз, донишҷӯён ва шогирдони гиромӣ!
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва паёмадҳои он қишри фаъоли ҷамъият ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 23 майро ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат кулли ҷавонони диёрро самимона шодбош гуфта, ба онҳо рӯзгори пурсаодат, неруи хастанопазир ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно мекунам.
Ҳамчун неруи пешбаранда ва қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа шинохта шудани ҷавонон нишони таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ояндасоз буда, далели он аст, ки ҷавонони мо идомадиҳандаи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар ҳастанд.
Аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои калидӣ дар сиёсати Ҳукумати мамлакат шинохта шуда, фаъолияти онҳо зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ва таъриху адабиёти пурғановати миллати тоҷик имконияту шароитҳо муҳайё гардида, ҷавонон имкон доранд, ки дар муассисаҳои таълимии бонуфузи Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ бемамоният таҳсили илм намоянд.
Имрӯз ҳар як ҷавонони хушиқболи Ватанро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумат бо илму дониши қавӣ, ақлу заковат, қобилияту истеъдоди наҷиб, иқдомҳои бунёдкоронаву созанда, касбу ҳунар ва дарки баланди масъулияти инсонӣ дар рушду инкишоф ва ободиву шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо саҳми арзанда гузорад.
Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи ҷавононро ба кулли ҷавонони диёрамон табрик гуфта, умедворам, бо ҳам ҷиҳати ободию оромӣ ва пешрафту муаррифии Тоҷикистони азиз талош меварзем.