Президенти мо — ифтихори мо!
16 ноябр дар саросари кишвар ҳамчун «Рӯзи Президент» ва «Солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври густурда таҷлил карда мешавад.
Бахшида ба ин ҷашни пуршукуҳ дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои муассисаи таълимӣ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсию ҳуқуқии донишҷуён ва баҳри баланд бардоштани тарбияи Ватандӯстӣ ва арзёбии хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Президенти мо — ифтихори мо» ҳамоиш баргузор карда шуд.
Дар вохӯри муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Негматуллоева Умеда ва собиқадори ҳизб Алямова Шарифа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёд ва таҳкими сулҳу субот, таъмини рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар беназир буда, номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи миллати куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.