БАРРАСИИ РОҲҲОИ САМАРАБАХШИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
8 декабри соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» масъалаҳои мубрами муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии он зимни конференсияи илмӣ-амалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар чорабинии мазкур нозирон оиди муқовимат ба коррупсияи Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор Мавлоназар Кишвар ва Абдуллозода Одил Толиб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва амалишавии чораҳои пешгирии он ҷалби васеи иштироки шаҳрвандон дар мубориза бо коррупсия муҳим буда, дар сурати хусусияти умумимиллӣ пайдо кардани раванди муқовимат бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ташаккул меёбад.
«Тариқи ғайринақдӣ ба роҳ мондани ҳама гуна хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла қабули маблағҳои шартномаи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ талаби замон буда, фароҳам овардани шароит ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии амалҳои коррупсионӣ маҳсуб мешавад» — гуфт Мавлоназар Кишвар, нозири калон оиди муқовимат ба коррупсияи шуъбаи минтақавии Агентӣ.
Зарур дониста шуд, ки дар шароити низоми кредитии таҳсилот санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ бояд бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, тавассути маркази тестии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда шуда, айният ва шаффофият дар раванди супоридани имтиҳонҳо таъмин карда шавад.
Абдуллозода Одил Толиб, нозир оиди муқовимат ба коррупсияи шуъбаи минтақавии Агентӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, хусусан коррупсия заминаи асосии риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба шумор рафта, расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки ҷаҳонбинии зиддикоррупсионии ҳар як фарди ҷомеа ташаккул ёфта, фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ба миён оварда шавад.
Конференсияи илмӣ-амалӣ тибқи барнома дар ду бахш баргузор шуда, дар раванди он масъалаҳои мухталифи муқовимат бо коррупсия, роҳҳои муосири пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, масъалаҳои мубрами муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коррупсия ҳамчун таҳдид ба амният ва суботи давлат муҳокима гардиданд.