Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»   

25 апрели соли 2024 дар толори китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти коллеҷ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақавӣ, аз ҷумла Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор, Коллеҷи металургии шаҳри Турсунзода ва Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.   

Зимни чорабинӣ қайд карда шуд, ки асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин дар ҳама давру замон риояи қонуну қоидаҳо ва муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дониста мешавад.

Сафаров Ш.С., номзади илмҳои химия, муовини директор оид ба илм, инноватсия, масъалаҳои иқтисодӣ ва равобити хориҷии Коллеҷи металургии шаҳри Турсунзода иброз дошт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд.

Зимни конференсия маърузаҳои номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирзозода А.М., дар мавзуи «Воситаҳои ифодакунандаи маърифати ҳуқуқӣ», Ғафуров У.М., дар мавзуъи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – таъмини волоияти қонун дар ҷомеа», Қосимова Ҳ., дар мавзуъи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон асоси таҳкими давлати ҳуқуқбунёд» шунида шуд. 

Таъкид гардид, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди демократия ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва такмил додани шаклҳо, усулҳо ва механизмҳои маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд.