«Забон – шиносномаи миллат»
7 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» бо иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаммадҷонзода О.О. семинар-машварати омӯзишӣ оид ба гиромидошти забони давлатӣ таҳти унвони «Забон – шиносномаи миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла корбурди Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат дар раванди коргузорӣ, шаклҳои истилоҳсозӣ, меъёрҳои номсозии тоҷикӣ ва номгузории фарзандон дар асоси фарҳанги пурғановати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи таъкиди Муҳаммадҷонзода О.О. эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. «Забони давлатӣ ва эҳтиром гузоштан ба он аз ҷумлаи арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб шуда, гиромидошти забони давлатӣ ҳамчун як рукни арзишманд дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад», — қайд намуд Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар поёни чорабинӣ маъмурияти муассисаи таълимӣ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумита қадрдонӣ гардида, ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи илмӣ-адабии муассиса аз ҷониби Кумита китобҳои соҳавӣ тақдим карда шуд.