МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА КОР РОҲХАТ ГИРИФТАНД
Дар асоси фармоиши Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2024, №07 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» тақсимоти мутахассисони ҷавон доир гардид.
Вобаста ба ин, ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ дар муассиса чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ баргузор гардида, мутахассисони ҷавон тибқи низомнома ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор сафарбар гардиданд.
Назарзода Давлатхон, сардори Шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита хатмкунандагонро бо Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №563 «Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд» шинос намуда, онҳоро аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ ва оқибатҳои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор огоҳ кард.
Зикр гардид, ки тақсимоти мутахассиони ҷавоне, ки муассисаҳои таълимиро аз рўйи ихтисосҳои омӯзгорӣ дар шакли буҷавӣ хатм кардаанд, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо сурат гирифта, бо назардошти эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ ба роҳ монда мешавад.