Ваҳдати миллӣ– неъмате ҳамвазни истиқлоли давлатӣ!

25 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» маҳфили илмию амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ– муҳимтарин омили пешрафт» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати маъмурияти муассисаи таълимӣ, олимону донишмандон ва таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию давлатдорӣ иштирок намуданд.  

Зимни нишаст сарходими илмии Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, Силмон Мавлоназаров баён дошт, ки «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд – сароғози Ваҳдати миллии тоҷикон дар шароити ниҳоят ҳассос баргузор шуда, хушбахтона, бо душворӣ бошад ҳам, рисолати таърихии худро анҷом дод. Фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шӯрои Олӣ, аз 19 ноябри соли 1992, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) интихоб гардид, ки он рӯзро барҳақ метавон рӯзи наҷоти миллат номид».

Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик арзиши бунёдӣ маҳсуб гардида, бо истиқлоли давлатӣ ҳамвазн дониста мешавад.

Мувофиқи таъкиди директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, номзади илмҳои филологӣ Сафарзода Хуршед, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ба санаи 27 июни соли 1997 рост меояд, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди беназир буда, заминаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат ва муҳимтарин омили рушди давлат маҳсуб мешавад, зеро он ба ҷанги шаҳрвандии тоҷикон хотима гузошта, хатари нобудшавии миллатро аз миён бурд.

27 июн – рӯзи ба имзо расидани санади истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷашн гирифта мешавад.