ВОХӮРИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ МУАССИСА БО академик Каримова И.Х.
26 сентябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» вохӯрии донишҷӯдухтарони муассисаи таълимӣ бо доктори илмҳои педагогика, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова Ирина Холовна баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши илм ва робитаҳои хориҷӣ сурат гирифта, дар он донишҷӯдухтарони фаъол вобаста ба нозукиҳои касби омӯзгорӣ, сифатҳои омӯзгори муваффақ, аҳамияти корҳои илмию тадқиқотӣ ва нақши занон дар рушди илми ватанӣ маълумоти муфид гирифтанд.
«Ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки толибилмонро дӯст дорад ва маҳорати кор бо онҳоро дошта бошад. Дар сурати надоштани ин сифатҳо ӯ омӯзгори муваффақ буда наметавонад», — таъкид дошт Ирина Холовна.
Мавриди ёдоварист, ки маҳфили мазкур дар арафаи ҷашни омӯзгор баргузор шуда, дар поён донишҷӯён ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Каримова Ирина Холовна омӯзгор, донишманди маъруф, доктори илмҳои педагогика, корманди шоистаи Тоҷикистон ва дорандаи Медали А.Пушкин мебошад.