НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲАИ КУМИТА

5 октябри соли 2024 зимни як ҳамоиш дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ҳисоботи раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ вобаста ба фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ироа гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовинони раис, директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ, омӯзгорони як қатор муассисаҳои таълимии тобеи кумита иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, барои таъсиси ҷойҳои кории нав дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо меандешад.

Дар соли таҳсили 2023-2024 дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 14 самту 135 ихтисос ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт ва 209 ихтисос фаъолият намуда, дар онҳо кадрҳои коргарӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ омода карда мешаванд.

Дар музокира, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳрии Турсунзода ва директори Литсейи касбии маъюбони шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти муассисаҳои худ маълумот дода, ҳисоботи Раиси Кумитаро қаноатбахш эълон доштанд.

Дар поёни ҳамоиш як қатор кормандони коллеҷу литсейҳои касбии техникӣ барои фаъолияти самаракнок ва таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, инчунин бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» бо Итихорномаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.