ТАҶЛИЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

6 сентябр дар Коллеҷи омўзгории шаҳри Турсунзода чорабинии идона бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиров Ҷалолиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Ҳабибуллозода Нурулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки «Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик сароғози давлатдории навин ва эъмори ҷомеаи мутамаддин гардид. Дар натиҷаи соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар миёни давлатҳои ҷаҳон мавқеи хоси худро пайдо намуда, миллати тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам ниҳод».

Дар идома меҳмонони олиқадр як қатор омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимиро бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сарфароз гардониданд.

Бояд таъкид дошт, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омўзгории шаҳри Турсунзода» низ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз соли 2001 инҷониб дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ кадрҳои ихтисосманд омода менамояд. Айни ҳол дар муассиса 9 ихтисос амал карда, муҳассилини он аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгори муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, омӯзгори забони англисӣ, математика, информатика, таърих ва биология соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.

Маросими таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саҳни коллеҷи мазкур пас аз тармиму таҷдиди бинои муассиса дар таътили тобистона баргузор карда шуд. 

Барномаи идона бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чорабинии фарҳангӣ ҳусни анҷом ёфт.