Вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо донишҷӯён

22 сентябри соли 2022 дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи кории мақомоти мазкур сурат гирифта, дар он Зиёев Зиёратшо, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Уракова Хуршедабону, мудири бахши кор бо занон ва оила, Ҳалимзода Умед, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Азимова Лубатой, котиби Комиссияи валотдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи сарҳади давлатӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, аҳамияти соҳибистиқлолӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди тафаккури созанда, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи артиши миллӣ, саҳми давлату Ҳукумат дар таъмини зиндагии шоистаи сокинон аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.  Қайд гардид, ки нақши муассисаҳои таълимӣ дар омода намудани кадрҳои ихтисосманд ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту хештаншинос назаррас буда, зарур аст, ки донишҷӯён сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукуматро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри ободиву сарсабзии шаҳр ҳамкорӣ намоянд.