Ободонии диёри азизамон қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии мост!
Дар асоси супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати ободу зебо гардонидани кучаҳои шаҳр 29 сентябри соли 2022 шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода низ ширкат намуданд.
Дар ин замина дар минтақаҳои вобасташуда, атрофи биноҳои истиқоматӣ, роҳравҳо ва саҳни муассисаи таълимӣ як қатор корҳои ободонию тозакорӣ ба анҷом расонида шуд.