Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия

9 декабр аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия эълон гардидааст. Ба ин муносибат 7 декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа» бо иштироки намояндагони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор баргузор гардид.

Зимни суханронӣ бо ҳайати кормандон ва донишҷўёни муассиса Мавлоназар Кишвар, нозири калон оиди муқовимат ба коррупсияи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусия таъкид дошт, ки коррупсия дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти сангин ва унсури заифкунандаи пояҳои ахлоқии ҷомеа шинохта шуда, ба рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат таҳдид мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки то имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мақсадноки муқовимат ба коррупсия мунтазам роҳандозӣ гардида, дар ин замина «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудааст.

«Дар доираи стратегияҳои қабулшуда амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба коррупсия арзёбӣ мешавад», — қайд намуд Абдуллозода Одил, нозир оиди муқовимат ба коррупсияи шуъбаи минтақавии Агентӣ.

Дар поён намояндагони шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ба саволҳои ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни муассисаи таълимӣ посухҳои мушаххас доданд.