ИФТИТОҲИ КИТОБХОНА ВА СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

4 марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» бо иштироки Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Довуд, раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Ғафурӣ Зоиршо ва директори китобхонаҳои системаҳои марказонидашудаи шаҳри Турсунзода Саидова Гавҳар китобхонаи илмӣ-адабӣ ва синфхонаи компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар китобхона ва синфхонаи компютерӣ шароитҳои муосири фаннию техникӣ муҳайё буда, ифтитоҳи сохторҳои мазкур дар шароити минтақа заминаи хуби омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фуруғи маърифат»-ро барои донишҷӯён фароҳам овардааст.

Китобхонаи илмӣ-адабии муассиса аз фонди китобҳо, қироатхона ва китобхонаи электронӣ иборат буда, дар он зиёда аз 30 000 китобҳои илмӣ-методӣ, бадеӣ ва таълимӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон, фаъолияти синфхонаи компютерӣ бо 30 адад компютерҳо ва тахтаи электронӣ имконият фароҳам меорад, ки омӯзгорон бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва асбобҳои аёният ба боло бурдани сатҳи сифати таҳсилот мусоидат намоянд.

Тибқи иттилои маъмурияти муассиса дар заминаи фаъолияти китобхона ва синфхонаи компютерӣ курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ), имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат, суханварӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, китобдорӣ ва бойгонишиносӣ ба роҳ монда шуда, ба шунавандагони курсҳо сертификатҳо тақдим карда мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода соли 2001 таъсис ёфта, то ҳол аз рўйи 10 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ омода менамояд. Хатмкунандагони муассиса ҳамасола аз рӯи ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, омӯзгори забони англисӣ, математика, информатика, биология, таърих ва омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) мегарданд.