ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶ БО НИШОНИ АЪЛОЧИИ МАОРИФ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД
27 марти соли 2023 зимни ҷаласаи корӣ декани факултети фанҳои гуманитарӣ Абдаминова Фирӯза ва мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Бобоева Дилафрӯз бахшида ба Иди байналмиллалии Наврӯз бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Мукофоти мазкур барои омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷиҳати арзёбии хизматҳои шоёни онҳо дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардида, бо қарори Шурои мушовараи Вазорати маориф ва илм ва имзои вазири маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» аз ҷониби роҳбарияти муассиса дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
Феълан дар муассиса 12 Аълочии маориф, аз ҷумла 5 номзади илм ба донишҷуён дарс мегуянд.