ВОХӮРИИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶ БО АҲЛИ ЗИЁ
Тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» маҳфилу вохӯриҳо бо намояндагони аҳли зиё, шоирону нависандагон, муҳаққиқон, кормандони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам доир мегардад.
Вобаста ба ин, 8 апрели соли 2023 дар толори фарҳангии муассиса вохӯрии донишҷӯёни коллеҷ бо нависандаи адабиёти бачагона, барандаи Ҷоизаи ба номи Айнӣ Маҷид Салим ва муҳаққиқ-эколог Ҷамолиддин Ёқубӣ баргузор гардид.
Зимни нишасти мазкур масъалаҳои фаъолияти эҷодӣ, аҳамияти мутолеаи осори адибони классику муосир, тасвири табиати зебои диёр дар адабиёт ва ҳамзамон, зарурати омӯзиши масъалаҳои глобалии вобаста ба об, ҳифзи пиряхҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба дипломатияи об мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми маҳфили илмию адабӣ меҳмонон ба саволҳои донишҷӯён посух дода, ба фаъолони нишаст китобу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.