СУЛҲ БАҲОРЕСТ, БАҲОР ОВАРАД

27 июн – рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат 22 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдат – шукуфоии миллат» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибулозода иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки «Ҳифзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон арзиши якумра дорад ва он рамзи сарҷамъию якдилӣ, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагӣ мебошад. Гиромидошти якдилию ягонагӣ бояд аз шиор ба меъёр табдил биёбад».

Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик арзиши бунёдӣ маҳсуб гардида, бо Истиқлоли давлатӣ ҳамвазн дониста мешавад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расида, ба ҷанги шаҳрвандии тоҷикон хотима гузошт. 

Дар фарҷоми семинар барои фаъолияти пурсамар ва иштирок дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода кормандони муассисаи таълимӣ бо «Сипоснома»-и ҳизб қадрдонӣ гардиданд.